Дастаи “Истиқлол” – як қадами дигар то қаҳрамонӣ

0
3 390 просмотров

Баъд аз як моҳи танаффус, рӯзи шанбе 3-юми ноябр се бозии мавқуфгузоштаи даври 19-уми Лигаи олӣ баргузор шуданд.

Бошгоҳи футболи “Истиқлол” дар меҳмонӣ дастаи “Панҷшер”-ро бо бартарии 2:0 мағлуб сохта, як қадами дигар ба қаҳрамонӣ наздик шуд. Дар бозии дигари даври мазкур тими «Регар-ТадАЗ» бо ҳисоби 0:2 дар хонааш аз дастаи «Хатлон» шикаст хурд.

Дар сурати роҳ ёфтани қаҳрамони Тоҷикистон ба марҳилаи гурӯҳии Лигаи Чемпионҳои КФО-2019, он гоҳ дастаи “Кӯктош” дар марҳилаи гурӯҳии Ҷоми КФО-2019 ширкат хоҳад кард.

Чемпионати Тоҷикистон. Лигаи олӣ. Даври 19-ум

«Панҷшер» – «Истиқлол» – 0:2

Голҳо: Шериддин Бобоев, 10 (0:1). Шериддин Бобоев, 12 (0:2).

«Регар-ТадАЗ» – «Хатлон» – 0:2

Голҳо: Маҳмадалӣ Садиқов, 24 (0:1). Маҳмадалӣ Садиқов, 33 (0:2).

«Хуҷанд» – КМВА «Помир» – 0:0

Манбаъ: Варзиш ТВ

Нет комментариев

Также рекомендуем

Ифтитоҳи 124 корхонаи саноатӣ дар Суғд

Тибқи нақша дар соли ҷорӣ ба истифода додани 170 корхонаву коргоҳҳои нави саноатӣ бо 5,3ҳазор ҷойҳои нави корӣ дар назар дошта шудааст. Дар натиҷаи тадбирҳои ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: