«Истиқлол» аз Аргентина футболбоз харид

0
1 032 просмотров

Бошгоҳи «Истиқлол»-и Душанбе ҳайати худро бо як нимҳимоятгар аз Аргентина пурзӯр кард.

Дар равзанаи гузаришии  тобистона қаҳрамони бисёркаратаи  кишвар бо нимҳимоятгар аз Аргентина Гонсало Ритако шартнома баст.  Гонсало субҳи имрӯз ба Душанбе омад ва дар тамрини бегоҳирӯзӣ  бо даста шинос мешавад.

Гонсало Габриэл Ритако 21 майи соли 1993 дар Аргентина таваллуд шудааст.

Дар дастаҳои Аргентина, Эквадор ва Юнон бозӣ кардааст. Охирин даста — «Қизилқум» (Ӯзбекистон).

Бояд гуфт, ки бозигари нави «Истиқлол» Гонсало Ритако аввалин футболбози аргентинӣ мебошад, ки дар чемпионати футболи Тоҷикистон ҳунарнамоӣ мекунад.

Манбаъ: Варзиш-ТВ

Нет комментариев

Также рекомендуем

«Амонатбонк», «Ориёнбонк» ва «Бонки Эсхата» бонкҳои низомсози Тоҷикистон эътироф карда шуданд

Бо қарори Раёсати  Бонки миллии Тоҷикистон «Амонатбонк», «Ориёнбонк» ва «Бонки Эсхата» бонкҳои низомсози Тоҷикистон дониста шуданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар Бонки миллии ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: