IRS: Бар асари садама дар километри 133 — юми роҳи Душанбе — Чаноқ касе осеб надидааст

0
825 просмотров

Имрӯз дар километри 133 — юми роҳи Душанбе — Чаноқ (дар болои пул) мошини боркаши барои интиқоли гази моеъ пешбинишуда ба садама дучор шуд, ки бар асари ин ҳодисаи нохуш касе осеб надидааст. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» дар филиали Ширкати саҳомии «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Кормандони филиали ширкат ва техникаҳои пуриқтидор фавран ба макони садама сафарбар шуданд. Дар навбати аввал гази моеъ ба мошини дигар интиқол ёфта истодааст.

Баъд аз анҷоми ин кор барои аз болои пул ба канори роҳ баровардани мошини мазкур тадбирҳои дахлдор андешида мешаванд.

Ширкат аз ронандагон хоҳиш менамояд, ки ҳангоми ҳаракат дар роҳ боэҳтиёт ва бодиққат бошанд.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Нет комментариев

Также рекомендуем

Фаврӣ: Таъиноти кадрӣ дар сохторҳои давлатӣ

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар як қатор сохторҳои давлатӣ тағйироти кадрӣ ба амал оварданд. ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: