Интиқоли барқ аз Тоҷикистон ба Ӯзбекистон оғоз ёфт!

0
3 937 просмотров

Рӯзи гузашта соати 16.50 дақиқа хати интиқоли барқ аз зеристгоҳи Регар (Тоҷикистон) ба зеристгоҳи Гулча (Ӯзбекистон) зери шиддат монда шуд ва бо ҳамин интиқоли барқ аз Тоҷикистон ба Ӯзбекистон оғоз ёфт! Дар ин бора ба хабарнигорони АМИТ «Ховар» Марзия САИД ва Бек РАҲМОНӢ дар ШСХК «Барқи тоҷик» хабар доданд.

Ба иттилои манбаъ, баъди зиёда аз 9 соли ҷудо будани низоми энергетикии Тоҷикистон аз Ӯзбекистон додугирифти неруи барқ байни ин ду ҷумҳурии ҳамсоя оғоз ёфт, ки ин ҳамкории мутақобилан судманд мебошад.

Ёдовар мешавем, ки ҳангоми сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки рӯзҳои 9-10 марти соли равон сурат гирифт, дар қатори дигар созишномаҳо, инчунин шартнома  бобати мубодилаи байниҳамдигарии неруи барқ ба имзо расид.

Энергетикҳои тоҷик ва ӯзбек мубодилаи барқро байни ҳамдигар бобати кори муназзами ниҳодҳои энергетикии ҳарду кишвар хеле манфиатбахш арзёбӣ намуданд.

Боварӣ дорем, ки мубодилаи барқ байни ду ҷумҳурии ҳамсоя ба беҳтар гардидани таъминот бо барқ мусоидат намуда, он аз ҷиҳати иқтисодӣ низ манфиатбахш мебошад.

Манбаъ: Сомонаи расмии АМИТ «Ховар»

Нет комментариев

Также рекомендуем

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Тавре хабар додем, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 4 июли соли равон қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: