Хуҷанд: Ярмаркаи VII байналмилалии савдо «Суғд-2021»

0
1 431 просмотров

19-20 октябр дар шаҳри Хуҷанд Ярмаркаи VII байналмилалии савдо «Суғд-2021» баргузор  мешавад, иттилоъ  доданд аз Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд
 ба АМИТ «Ховар».

Ярмаркаи мазкур чандин сол аст, ки  бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд роҳандозӣ гардида, мақсад аз  баргузории он рушди ҳамкории иқтисодиву тиҷоратӣ, баланд бардоштани нерӯи содиротӣ, ҷалби сармоягузорӣ,  воридоти технологияҳои муосир, тақвияти ҳамкории дуҷониба ва бисрёҷониба бо кишварҳои гуногуни олам ва шарикони рушд буда, дар доираи он ташкили форумҳои тиҷоратию сармоягузорӣ, конфронсҳо ва намоиши молу маҳсулоти соҳибкорони тоҷику хориҷӣ ба нақша гирифта шудааст.

Дар назар аст, ки дар ин ҳамоиши тиҷоратии минтақавӣ шарикони рушд, аз ҷумла соҳибкорон аз кишварҳои муштаракулманофеъ иштирок намоянд.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Нет комментариев

Также рекомендуем

Умеда ғолиби Озмуни «ФАРАҲ-2018» дониста шуд

Беҳтарин бонувони соҳибкори Тоҷикистон муайян шуданд. Маросими ҷамъбасти Озмуни «ФАРАҲ-2018» дирӯз дар шаҳри Душанбе сурат гирифт. Дар номгӯи «Тандурустӣ ва маориф» барои саҳми арзанда дар рушди ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: