Хатмкунандагони Хуҷанд 6 медал ба даст оварданд

0
4 220 просмотров

Аз рӯйи натиҷаҳои ҷамъбасти соли таҳсили 2017-2018-уми Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 медали тиллою нуқра, 6 ададашро муҳассилини шаҳри Хуҷанд, дақиқтараш хатмкунандагони Литсейи физикӣ-математикии ба номи академик Муҳаммад Осимии шаҳр аз рӯйи равияи табию риёзӣ ба даст оварданд.

Ҳамин тавр, Муҳаммадҷон Ҳақимов ва Матин Ҷӯраев медалҳои тилло ва Беҳруз Мансуров, Шаҳзод Раззоқов, Фараҳноз Олимова ва Шоҳина Исмоилова медалҳои нуқраро баъди супоридани имтиҳони ҷиддӣ соҳиб шуданд.

Бахтиёр Дадобоев аз гимназияи ба номи Гёте, Фарзона Султонова аз МТМУ № 19 ва Мадина Зарифова хатмкунандаи гимназияи №24 барои иштироки фаъолашон бо сипосномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардиданд.

Медалҳоро ба соҳибонашон Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид тақдим намуд.

Қобили қайд аст, ки 5 медали дигарро хатмкунандагони шаҳри Душанбе соҳиб шуданд.

Манбаъ: Дафтари матбуоти Раиси шаҳри Хуҷанд

Нет комментариев

Также рекомендуем

Дар Суғд боз як китобхонаи замонавӣ таъсис ёфт

Дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бинои Маркази таҳсилоти иловагии вилояти Суғд китобхонаи ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: