Финали Лигаи минтақавии ҷудо моҳи декабр доир мегардад

0
694 просмотров

Марҳилаи финалии мусобиқаи байналмилалии Лигаи минтақавии ҷудо бо иштироки Клуби «Ҳоҷӣ Шариф» аз Тоҷикистон ба таъхир гузошта шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Федератсияи ҷудои Тоҷикистон хабар доданд. 

Мусобиқа байни 7 клуб аз Русия ва 1 клуб аз Тоҷикистон, ки 8 июл ба нақша гирифта шуда буд, аввали зимистон дар Москва баргузор мешавад.

Ёдовар мешавем, ки дар мусобиқа ин дастаҳо- «Ахмат» (Грозний), СОРБИС (Москва), “Урал-Сибири Ғарбӣ”, “Родина” (ҳар ду аз Екатеринбург), “Локомотив Грин Хилл” (Налчик), “Явара-Нева” (Санкт-Петербург), «Ҳоҷӣ Шариф» (Душанбе) ва «Динамо» (Уфа) иштирок мекунанд.

Ин дастаҳо бояд ғолиб ва соҳибони ҷоизаҳои пулиро муайян кунанд, ки дар байни ҳашт клуб тақсим карда мешавад ва маблағи аз ҳама бештар ба чемпион тақдим мешавад. Мусобиқаҳои марҳилаи финалӣ тибқи системаи олимпӣ бидуни қувваозмоиҳои такрорӣ баргузор мешаванд.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Нет комментариев

Также рекомендуем

Ҷараёни татбиқи лоиҳаҳои Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид

2 июн вохӯрии Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркия  Ашрафҷон Гулов бо Ҳамоҳангсози зерминтақавии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ дар Осиёи Марказӣ Виорел Гутсу баргузор гардид. ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: