Фарзод Нуруллоев аз Белорус медали нуқра овард

0
3 612 просмотров

Варзишгари номӣ Фарзод Нуруллоев аз мусобиқаи байналхалқӣ оид ба каратэ, ки дар давлати Белорус ҷараён гирифт ба сарбаландӣ ба Ватан баргашт.

Ин мусобиқаи байналмилалӣ рўзҳои 19-22 ноябр бо иштироки варзишгарони номӣ аз давлатҳои мухталиф баргузор гардид. Фарзод Нуруллоев дар давраи нимниҳоӣ ва муҳорибааш бо намояндаи Украина дасти росташ шикаст хўрда, сазовори ҷои дуюм ва медали нуқра шуд.

Фарзод Нуруллоев устоди варзиши дараҷаи байналхалқӣ, дорандаи камарбанди сиёҳи I-ум оид ба каратэ буда, чемпиони Аврупо дар соли 2014 мебошад.

Дар ин бора аз хадамоти матбуотии Раиси вилоят иттилоъ медиҳанд. http://sugd.tj/index.php/tj/navidi-sugd/5631-medal

Нет комментариев

Также рекомендуем

Тарбуз ва таърихи 4000-солаи он

Ҳанӯз 4 000 сол пеш дар Мисри қадим тарбуз чун ғизои давобахшу нофеъ маълум буд. Он яке аз муфидтарин зироатҳои полезӣ ба шумор меравад. Миқдори қанд ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: