Facebook ба иқтисодиёти ҷаҳон 227 миллиард доллар фоида овард

1
2 606 просмотров

Бузургтарин шабакаи иҷтимоии ҷаҳон Facebook, ки дорои 1,35 миллиард истифодабарандаи фаъол аст, дар натиҷаи ҷамъбасти сол ба иқтисодиёти ҷаҳон 227 миллард доллар фоида овард. Ба ғайр аз ин ширкати Марк Цукербург  барои таъсиси чоруним миллион ҷойи кор мусоидат карда метавонад. Ин аст натиҷаҳои тадқиқот, ки  аз тарафи ширкати консалтингии Deloitte & Touche бо дархости Facebook гузаронида шудааст.

Таҳлилгарони D&T ҳама фаъолияти иқтисодиро ҳисоб карданд, ки бо ин сомона робита доранд, аз ҷумла замима барои таҷҳизотҳои мобилӣ, бозӣ, саҳифаҳои брендӣ ва ғайраҳо. Фаъолияти иқтисодӣ ҳамзамон дар худ талабот ба гаҷет ва хизматрасонии дастрасӣ ба интернет, зарурати пайвастшавӣ ба Facebook-ро дорад. «Ақидае ҳаст, ки технология дар бахши IT ҷойи корӣ нав таъсис дода, онро дар дигар соҳаҳо нобуд месозад- ҳамин тавр дар агентии Reuters натиҷаҳои тадқиқотро сардори амалиётӣ директори ширкат Шерил Сандберг шарҳ дод. Ин гузориш исбот мекунад, ки ин интавр нест».

Бино ба гуфти ӯ, Facebook барои эҷоди нави тиҷорати хурд, қариб ки дар ҳама бахшҳо аз мӯд то фитнес кӯмак кардааст. Тиҷорати ҳамаи ширкатҳо, мегӯяд вай, аз шабакаҳои иҷтимоӣ вобаста буда, ба воситаи он онҳо мизоҷони навро ба худ ҷалб мекунанд ва хизматрасонию фурӯши моли худро пешниҳод мекунанд.

Сарчашма: Reuters

http://hitech.vesti.ru/news/view/id/6275

1 comment

  1. Шокирчон Файзуллоев 31 Декабрь, 2015 at 15:05 Ответить

    Орзу мекунам, дар хамин фейзбуку гугл ба кор гиранд. Табрика дар ин ширкатхо хело бузург аст. Баъд мо хам млрд хо кор мекунем))

Опубликовать новый комментарий

Также рекомендуем

Суғд: бо 52 мамлакати ҷаҳон муносиботи тиҷоратӣ ба роҳ мондааст

Гардиши савдои хориҷии вилоятиСуғд  дар шашмоҳаи аввали соли 2019  1011,9  млн. доллари амрикоироташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи гузашта 7,0 млн. доллар зиёд гардидааст.  Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд иттилоъ доданд, аз ҷумла, дар ин давра гардиши савдои ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: