Эриксен беҳтарин бозигари моҳи сентябр дар ҳайати “МЮ” эътироф шуд!

0
1 049 просмотров

Нимҳимоятгари даниягии тими “Манчестер Юнайтед” — Кристиан Эриксен бар асоси иттилои сомонаи расмии “Девҳои сурх” беҳтарин бозигари моҳи сентябр эълон шуд.

Футболбози 30-сола, 62%-и овозҳоро ба даст овард. Ӯ аз Ҷейдон Санчо (28%) ва Рафаэл Варан (10%) пеш гузашт.

Моҳи сентябри соли 2022 Эриксен дар чаҳор бозӣ ба майдон баромада, 2 ирсоли головар анҷом додааст.

Ёдовар мешавем, ки Эриксен  бо “Манчестер Юнайтед” тобистони соли 2022 шартнома баста буд. Қаблан футболбоз дар дастаҳои «Аякс», «Тоттенхэм», «Интер» ва «Брентфорд» бозӣ кардааст.

Ҳоло «Манчестер Юнайтед»  дар 6 бозии анҷомдодааш 12 имтиёз ба даст оварда, дар ҷадвали ПЛА дар зинаи 5-ум маскан гирифтааст.

Дар вохӯрии навбатӣ шогирдони Эрик тен Ҳаг дар меҳмонӣ бо «Манчестер Сити» бозӣ мекунанд. Вохӯрӣ рӯзи  2 –юми октябр  соати 18:00 бо вақти Душанбе баргузор мегардад.

Манбаъ: Варзиш-ТВ

Нет комментариев

Также рекомендуем

Аз таърихи таҷлили Иди Меҳргон бархурдор шавед!

Дар даврони соҳибистиқлолии кишвар, ки арзишмандтарин дастоварди миллати тоҷик дар ҳазораи охир аст, бо шарофати ҳидоятҳои пайгирона ва сиёсати хирадмандонаву фарҳангпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: