Ду корманди Вазорати молия барои тасарруфи маоши кормандон ба ҷавобгарӣ кашида шуданд

0
2 260 просмотров

Дар шаҳри Душанбе нисбат ба Рузиева Наргис Меҳмондӯстовна ва Юсупова Тахмина Ятимовна парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтиши пешакии он идома дорад.

Тавре аз маркази матбуоти Агентии назорати давлатии  молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, Наргис Рузиева дар вазифаи сардори шуъбаи муҳосиботи Раёсати корҳои Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон кор карда истода, аз рӯи маслиҳати пешакӣ бо мутахассиси пешбари ҳамин раёсат Тахмина Юсупова дар давраи солҳои 2018-2020 бо роҳи сохтакории ҳуҷҷатҳои муҳосибӣ маблағи умумии 4072232,77 сомониро тасарруф намудаанд.

Дар ин асос нисбат ба Рузиева Н.М. ва Юсупова Т.Я. бо моддаҳои 245, қисми 4,  банди «б» ва 323-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтиши пешакии он идома дорад.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Нет комментариев

Также рекомендуем

Шаҳри бостонии Истаравшан аъзои Шурои ҷаҳонии ҳунармандон мешавад

Ҳайати Комиссияи кории Шурои умумиҷаҳонии ҳунармандон ба шаҳри зебои Истаравшан ташриф овард. Ноиби Котиби генералии Шурои ҷаҳонии ҳунармандӣ, масъули минтақаи Осиёи Ҷанубӣ (Шри-Ланка) Сампат Эрахапола ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: