Доварони Тоҷикистон ба рӯйхати доварони ФИФА барои соли 2026 дохил шуданд

0
64 просмотров

Федератсияи байналмилалии футбол (ФИФА) рӯйхати расмии доваронро барои ҳакамии бозиҳои байналмилалӣ дар соли 2026 нашр кард.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд, дар муқоиса бо соли 2024 квотаи доварон барои Тоҷикистон зиёд карда шудааст. Ба рӯйхати ФИФА 18 намояндаи Тоҷикистон дохил гардид – ҳафт довари ФИФА, ҳашт ёвари довари ФИФА ва ду довари футзали ФИФА.

Илова бар ин,  чор довари тоҷик – Гулмуроди Саъдулло, Абдулло Давлатов, Амирҷон Хоркашев ва Зуҳал Хуҷаназарова ба рӯйхати расмии видеодоварони ФИФА дохил карда шуда, ҳақ доранд бозиҳои байналмилалиро ҳамчун VAR ҳакамӣ кунанд.

Манбаъ: АМИТ Ховар

Нет комментариев

Также рекомендуем

Қурби расмии асъор барои имрӯз: 27.04.2021

Бонки миллии Тоҷикистон имрӯз қурби асъори хориҷиро нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон) чунин муқаррар кардааст: 1 доллари ИМА — 11.3200 сомонӣ; 1 евро – ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: