Дастаи вилояти Суғд дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ ғолиб шуд

0
2 992 просмотров

Санаҳои 4-6 декабри соли 2015 тибқи нақшаи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори варзишии «Устопириён», воқеъ дар шаҳри Хуҷанд мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гуштини миллӣ байни собиқадорони варзиш баргузор шуд.

Дар маросими ифтитоҳии мусобиқа намояндаи Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Бозор Носир ва сардори Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии вилояти Суғд Мирдадоев Зариф иштирок намуданд.

Дар мусобиқа варзишгарони тамоми минтақаҳои кишвар дар ду сину сол — аз 40 то 49 сола ва аз 50 сола боло аз руи вазнҳои 60 кг, 65 кг, 70 кг, 75 кг, 80 кг, 90 кг, 100 кг ва зиёда аз 100 кг қувваозмоӣ намуданд. Дар аксарияти вазнҳо варзишгарони вилояти Суғд ғолиб баромаданд ва дастаи вилояти Суғд ғолиби мусобиқа дониста шуд.

Манбаъ: http://sugd.tj/

Нет комментариев

Также рекомендуем

7 удивительных природных явлений

Снежные лезвия высоко в горах, дожди из живой рыбы, красные воды в море, вечная гроза и другие яркие феномены. 1. Молнии Кататумбо Помните, как в ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: