Дастаи Тоҷикистон дар Тошканд ҷои намоёнро гирифт

0
4 629 просмотров

Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон оид ба футбол зери роҳбарии Ҳикмат Фузайлов дар чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ, ки дар шаҳри Тошканди Ӯзбекистон баргузор шуд, сазовори медалҳои биринҷӣ гардид.

Тавре аз Федератсияи футболи Тоҷикистон ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, 9 июл чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ миёни дастаҳои мунтахаби то 16-сола бо иштироки дастаҳои мунтахаби Афғонистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ба анҷом расид.

Дар мусобиқа дастаи  мунтахаби Тоҷикистон, иборат аз дастпарварони Академияи футболи ФФТ се бозӣ доир намуда, ҷои сеюмро ишғол намуд.

Дар даври аввал футболбозони навраси тоҷик бозиро бо ҳамсолонашон аз дастаи мунтахаби Қирғизистон бо ҳисоби  мусовии  2:2 анҷом дода, дар ду бозии дигар бо дастаи  мунтахаби  Афғонистон ва Ӯзбекистон мағлуб шуданд.

Ёдовар  мешавем, ки  дастаи  футболи наврасони Ӯзбекистон бо 9 хол ғолиби мусобиқа шуд.

Дастаи мунтахаби Афғонистон  бо 6 хол ҷои дуюмро  ишғол кард.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Нет комментариев

Также рекомендуем

Дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия пойгоҳи ягонаи маҳсулоти содиротии Тоҷикистон ташкил мегардад

Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Русия пойгоҳи ягонаи маҳсулоти содиротии ватанӣ ташкил намуда, дархост ва пешниҳоди харидорони ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: