Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 30 март дар шаҳри Гулистон зимни мулоқот бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд иброз доштанд, ки «суръати рушди соҳаи саноат дар вилоят нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 13 банди фоизӣ коҳиш ёфтааст».
Сарвари давлат дар робита ба коҳиш ёфтани суръати рушди соҳаи саноат ба Вазорати саноат ва технологияҳои нав, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо супориш доданд, ки сабабҳои коҳиши истеҳсолот дар бахши истихроҷро пурра таҳлил намуда, барои барқарор кардани суръати рушди он тадбирҳои мушаххас ва муассир андешанд.
Ҳамчунин дар робита ба фаъолияти номуназзами баъзе корхонаҳои саноатӣ дар вилоят супориш дода шуд, ки барои ба кор андохтани корхонаҳои ғайрифаъол ва баланд бардоштани иқтидори истеҳсолии онҳо тадбирҳои фаврӣ андешида шаванд.
Роҳбари давлат вобаста ба таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти ватанӣ, аз ҷумла бо либоси мактабӣ супориш доданд.
Пешвои миллат дар ҷараёни суханронӣ таъкид намуданд, ки истифодаи самараноки имконияти мавҷуда, таъмин ва ҷалби сармоя, таъсиси ҷойи нави кор, рушди истеҳсолот ва афзоиши содирот бояд таҳти назорати доимӣ қарор гирад. Инчунин супориш доданд, ки фаъолият дар самти татбиқи ҳадафҳои стратегии миллӣ ва таъмин намудани рушди устувор боз ҳам тақвият дода шуда, барои бартараф сохтани камбудиҳои мавҷуда тадбирҳои мушаххас андешида шаванд.
Президенти мамлакат таваҷҷуҳи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятро ба масъалаи иҷрои пурра ва саривақтии нақшаи даромади буҷет, таҳкими минбаъдаи интизоми андоз ва ҳалли бақияи қарзи андозҳо ҷалб намуданд.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»


Нет комментариев