4 сентябр дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд маросими тантанавии супоридани мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар вазъияти тантанавӣ ба 38 нафар намояндагони соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ медали «Хизмати шоиста», ба 8 нафар медали «Шафқат», ба 16 нафар медали ҷашнии «35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ба 7 нафар «Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон», ба 1 нафар унвони «Донори ифтихории Тоҷикистон» супорида шуд.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад, муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода ва Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳозирин ва дар симои онҳо тамоми сокинони вилояти Суғдро ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик намуданд.
Таъкид гардид, ки Истиқлоли давлатӣ барои мардуми Тоҷикистон дастоварди бузурги таърихӣ мебошад. Маҳз дар даврони соҳибистиқлолӣ таҳти сиёсати хирадмандонаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳои созандагию бунёдкорӣ вусъат гирифта, барои рушди тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа шароити мусоид фароҳам оварда шуд.
Иброз шуд, ки ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар саросари мамлакат бо руҳияи баланди ватандӯстӣ, шукргузорӣ аз фазои сулҳу субот ва дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ таҷлил мегардад. Дар ин раванд саҳми сокинони ҷумҳурӣ, аз ҷумла аҳли илму маориф, тандурустӣ, фарҳанг, сохтмон, соҳибкорӣ, истеҳсолот ва хизматчиёни давлатӣ назаррас мебошад.
Манбаъ: АМИТ Ховар


Нет комментариев