Дар Тоҷикистон 520 ҳолати фавқулода рух дода, ба аҳолӣ ва иқтисоди мамлакат хисороти моддӣ расидааст

0
1 454 просмотров

Дар семоҳаи аввали соли 2022 дар ҷумҳурӣ 520 ҳолати фавқулодаи дорои хусусияти табиӣ рух дода, 19-тои он ба аҳолӣ ва иқтисодиёти кишвар хисороти моддӣ расонидааст. Дар ин бора дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Бо фарорасии фасли баҳор пас аз бориши шадид ҳодисаҳои фаромадани сел, ярч ва сангрезӣ ба қайд гирифта шуда, бар асари онҳо  5 нафар ба ҳалокат расиданд.

«Қувваю воситаҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва воҳидҳои мудофиаи гражданӣ дар фаслҳои баҳору тобистон дар ҳолати омодабош қарор доранд», — хабар доданд дар Кумита.

Ба шахсони масъул аз ҷониби раиси Кумита Рустам Назарзода дастур дода шуд, ки камбудиҳои ҷойдоштаро дар кор ислоҳ намуда, корҳои мустаҳкам кардани соҳилҳоро беҳтар намоянд.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Нет комментариев

Также рекомендуем

Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар варзишгоҳи марказии шаҳри Хуҷанд

07.10.2021, шаҳри Хуҷанд Ҳамватанони азиз! Муҳтарам намояндагони мардуми шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд! Тамоми сокинони заҳматқарини шаҳру ноҳияҳои вилоят ва ҳамаи шумо – ҳозирини чорабинии идонаи ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: