Дар Тоҷикистон 266 нафар шаҳрвандон таҳти карантин қарор доранд

0
2 241 просмотров

Аз 1 феврал то имрӯз 1148 нафар шаҳрвандоне, ки аз Ҷумҳурии Мардумии  Чин ба Тоҷикистон ворид гардидаанд, дар беморхонаҳои сироятии мамлакат ба ҳолати карантинӣ фаро гирифта шуданд. Аз ин шумора то 24 феврал 882 нафари онҳо аз беморхонаҳои сироятӣ мураххас гардида, ҳоло 266 нафар зери назорати карантинӣ қарор доранд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Бино ба иттилои манбаъ, то кунун миёни шаҳрвандони бистаришуда сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст. Новобаста аз ин, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ  ҷиҳати пешгирии сирояти коронавирус дар ҳамкорӣ бо сохторҳои марбута дар гузаргоҳҳои сарҳадӣ ва фурудгоҳҳои байналмилалӣ корҳои назоратиро пурзӯр намудааст.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Нет комментариев

Также рекомендуем

Дар Душанбе ярмарка-фурӯши либос ва лавозимоти мактабӣ оғоз гардид

Дар шаҳри Душанбе намоиш— фурӯши либос ва лавозимоти мактабӣ  оғоз гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе хабар доданд. Намоиш— фурӯши либос ва лавозимоти мактабӣ дар асоси Қарори дахлдори Раиси шаҳри Душанбе оғоз гардида, дар он корхонаҳои саноатӣ  ва соҳибкорони ватанӣ дар баробари либоси мактабӣ, пойафзолу ҷӯроб, ҳамчунин  ашёи ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: