Дар Суғд фаъолияти корхонаи холисгардонии тилло ва нуқраи «ТВЕА Душанбе саноати кӯҳӣ» баррасӣ гардид

0
572 просмотров

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо муовини директори генералии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «ТВЕА Душанбе саноати кӯҳӣ» Ли Ҷумин мулоқот намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд.

Дар мулоқот ҷонибҳо доир ба фаъолияти кунунии корхонаи холисгардонии тилло ва нуқраи «ТВЕА Душанбе саноати кӯҳӣ», ки соли 2017 бо иштироки Президенти ҷумҳурӣ дар ноҳияи Айнӣ ба истифода дода шуда буд, мубодилаи афкор намуданд.

Раиси вилоят бо назардошти ҳадафи стратегӣ эълон шудани саноатикунонии мамлакат барои зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот дар корхонаи холисгардонии тилло ва нуқраи «ТВЕА Душанбе саноати кӯҳӣ» ва ташкили ҷойҳои нави корӣ дастуру тавсияҳо дод.

Бояд гуфт, ки дар ин корхона консентрати маъдан бо маҳлулҳои кимёӣ дар ду марҳила коркард шуда, тилло ва нуқраи холис истеҳсол карда мешавад.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Нет комментариев

Также рекомендуем

Қурби асъор барои имрӯз 30.11.2017

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) 30 ноябр қурби расмии асъори хориҷиро  бо мақсади ҳисобгирии муҳосибӣ ва пардохтҳои гумрукӣ  чунин муайян кардааст: 1 доллари ИМА = 8.8110 ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: