Дар Шуғнон коргоҳи хурди истеҳсолӣ ба истифода дода шуд

0
1 919 просмотров

 Дар доираи омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 14 октябр дар деҳаи Бунии Ҷамоати деҳоти Мирзоҷон Ширинҷонови ноҳияи Шуғнон коргоҳи хурди истеҳсоли маҳсулоти бетонӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Дар ин бора аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Коргоҳи мазкур  бо таъсиси 7 ҷойи кор ба соҳибкор Нуралишо Саъдоншоев тааллуқ дошта, бо иштироки раиси ноҳия Ҷумъа Ҷумъазода  мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.

Гуфта мешавад, ки соҳибкорони ватандӯсти ноҳияи Шуғнон иқдом гирифтаанд, ки бахшида ба таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон биноҳои таъйиноти иҷтимоӣ, иншооти гуногуни маишию маданӣ ва хизматрасонӣ, ҳаммом, сартарошхона, кошонаи ҳусн ва дигар марказу иншооти замонавиро дар ҳамбастагӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнон таъмиру навсозӣ ва бунёд намоянд.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Нет комментариев

Также рекомендуем

Манекенҳо бо харидорон муошират мекунанд

Фурӯшандагони Британӣ дар толорҳои худ манекенҳои “доно”-ро насб мекунанд, ки метавонанд ба таҷҳизоти харидорони ҷазманд маълумотҳоро оид ба молҳои нав, пешниҳодот, нархҳоро ирсол намоянд.  Технология ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: