Дар Прага оид ба роҳбарии Тоҷикистон дар пешбурди ташаббусҳои байналмилалии марбут ба мудирияти об чорабинӣ доир шуд

0
413 просмотров

Дар ҳошияи Анҷумани 31-уми иқтисодӣ-муҳитизистии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) дар шаҳри Прага чорабинии канории Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Роҳбарии Тоҷикистон дар пешбурди ташаббусҳои байналмилалии марбут ба мудирияти об барои рушди устувор дар шароити тағйирёбии иқлим» баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар ҳамоиш намояндагони кишварҳои иштирокдори  Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ ва олимону коршиносони соҳа иштирок карданд.

Муовини якуми Вазири корҳои хориҷӣ Исматулло Насредин роҷеъ ба нақши Тоҷикистон дар пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии обу иқлим, аз ҷумла натиҷаҳои Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 (Душанбе, 10-13 июни 2024), қатъномаҳои Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид «Соли 2025 — Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» ва «Даҳсолаи амал барои илмҳои криосфера, 2025-2034» маълумот дод.

Исматулло Насредин тавсеаи ҳамкории кишварҳои иштирокдори Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупоро дар пешгирӣ ва рафъи хатару чолишҳои марбут ба обу иқлим, таҳияву татбиқи абзорҳои муштарак, ҳамчунин пешниҳоди кумакҳои молиявӣ ва фаннӣ ба кишварҳои осебпазир муҳим арзёбӣ кард.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Нет комментариев

Также рекомендуем

Дар Душанбе ярмарка-фурӯши либос ва лавозимоти мактабӣ оғоз гардид

Дар шаҳри Душанбе намоиш— фурӯши либос ва лавозимоти мактабӣ  оғоз гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе хабар доданд. Намоиш— фурӯши либос ва лавозимоти мактабӣ дар асоси Қарори дахлдори Раиси шаҳри Душанбе оғоз гардида, дар он корхонаҳои саноатӣ  ва соҳибкорони ватанӣ дар баробари либоси мактабӣ, пойафзолу ҷӯроб, ҳамчунин  ашёи ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: