Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони гармхонаи нав оғоз ёфт

0
1 213 просмотров

13 июл дар Ҷамоати деҳоти Унҷии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба бунёди гармхонаи наву замонавӣ санги асос гузошта шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд.

Санги асос бо иштироки Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода гузошта шуда, раис дар суҳбат бо сокинон таъкид кард, ки ташкили гармхонаи нав барои таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти тару тоза амри саривақтӣ буда, самараи ҳамкории судманди соҳибкорони тоҷику узбек мебошад.

Гуфта шуд, ки бо сиёсати хирадмандонаи сарони давлатҳо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев ҳамкорӣ дар ҳоли рушд буда, минбаъд низ ҷонибҳо тарҳҳои муштаракро амалӣ хоҳанд кард.

Иттилоъ дода шуд, ки гармхона аз ҷониби соҳибкор Илҳомҷон Иброҳимов дар якҷогӣ бо сармоягузорон аз Ҷумҳурии Узбекистон дар масоҳати 1,5 гектар сохта мешавад.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Нет комментариев

Также рекомендуем

Вертикальная схема нанесения теней

— Вся область верхнего века делится на пять одинаковых частей по вертикали, от внешнего к внутреннему уголку глаза. На первую (внешнюю) часть наносится наиболее насыщенный ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: