Дар Хуҷанд бахшида бахшида ба Рӯзи ҷавонон мусобиқаи ҳарбии варзишӣ баргузор

0
1 439 просмотров

Дар шаҳри Хуҷанд бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, ки ҳамасола 23 май таҷлил мешавад ва бо мақсади беҳдошти тарбияи ватандӯстии ҷавонон, эҳтироми арзишҳои миллӣ, муҳаббат ба Ватан, таҳкими худшиносиву худогоҳӣ таҳти унвони «Ватанпарвар» мусобиқаи ҳарбӣ-варзишӣ баргузор гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр.

Мусобиқа аз рӯи намудҳои вазнбардорӣ, тирҷойкунӣ ба тирдон, ба қисмҳо ҷудо ва ҷобаҷокунии автомати тамғаи «Калашников», дастхобонӣ ва расонидани ёрии аввалини тиббӣ баргузор гардид.

Чунин чорабиниҳо имкон фароҳам меоранд, ки наврасону ҷавонон ба солимӣ ва таҳкими неруи хеш аҳамияти бештар дода, дар ҳама ҳолат баҳри ҳифзи Ватану миллати хеш омода бошанд.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Нет комментариев

Также рекомендуем

Мулоқоти Пешвои миллат бо хонум Мариам Шерман

Имрӯз дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иҷрокунандаи вазифаи Директори минтақавии Бонки Ҷаҳонӣ оид ба Осиёи Марказӣ ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: