Дар Хоруғ Форуми байналмилалии соҳибкорию сармоягузорӣ баргузор мегардад

0
643 просмотров

11-12 август  дар шаҳри  Хоруғ Форуми байналмилалии соҳибкорию сармоягузории  «Помиринвест-2023» баргузор мегардад.

АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи  амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар форуми «Помиринвест» доираи васеи соҳибкорону сармоягузорони ватанию хориҷӣ, созмонҳои байналмилалӣ, шарикони рушд ва намояндагони вазорату идораҳои мамлакат  иштирок менамоянд.

Ҳадафи форуми «Помиринвест-2023» мусоидат ба ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ ба рушди соҳибкорӣ, хусусан дар бахши сайёҳӣ ва  инфрасохтори он, амалӣ намудани робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ бо дигар минтақаҳои мамлакат ва давлатҳои ҳамҷавор,  татбиқи барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ дар Бадахшон, истифодаи самараноки имконият ва сарватҳои табиии Бадахшон мебошад.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Нет комментариев

Также рекомендуем

«Хорпуштаку» исполнилось 90 лет

Таджикскому сатирическому журналу «Хорпуштак» исполнилось 90 лет. Как сообщили НИАТ «Ховар» в пресс-центре Минкултьтуры РТ, к 90-летию со дня основания журнала «Хорпуштак» намечено издание красочной ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: