Дар Facebook аломатгузории ахбори шубҳаовар оғоз ёфт

0
3 706 просмотров

Facebook функтсияи наверо ба кор даровард ва тавассути он истифодабарандагоне, ки ба амиқу дақиқ будани ин ё он иттилои дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба табъ расида шубҳа доранд, дар ин бора ба сомона хабар расонида метавонанд. Якҷоя бо қайди гузошташаванда, ки дар хонанда эҳсоси шубҳаро ба вуҷуд меорад, нишони махсус гузошта мешавад. Ин нишон ба он ишора хоҳад кард, ки ахбори пешниҳодшуда бардурӯғ аст ва ё асоси воқеӣ надорад.

Ба истифодабаранда кофист, ки дар як канори ин гуна маводи хабарӣ ягон аломат гузорад, то ки маълумоти шубҳаоварро ҷудо намояд. Сипас то чӣ андоза далелнок  будани ин он аз ҷониби экспертҳо санҷида мешавад. Агар онҳо хабари санҷидаашонро шубҳанок ҳисобанд, пас бо аломати махсус ва шарҳу эзоҳ смс-паёмаке пайдо мешавад, ки хабар ба ҳақиқат мувофиқ нест.

Хотиррасон мекунем, ба қарибӣ дар Facebook аз санҷишгузаронии дислайкҳо сар шуда буд, ки ҳоло танҳо дар шакли смайликҳо пешниҳод шудааст ва чуноне намояндагони шабакаҳои иҷтимоӣ шарҳ медиҳанд, онҳо бо лайкҳои муқаррарӣ рақобат карда наметавонанд.

Нет комментариев

Также рекомендуем

3 хонандаи Хуҷанд дар Ҳиндустон дастболо шуд

Дар олимпиадаи байналмиллалӣ аз фанҳои математика, физика, биология, ки дар шаҳри Деҳлии кишвари Ҳиндустон баргузор гардид, ки 3 нафар хонандагони шаҳри Хуҷанд иштирок намуда, мақомҳои ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: