Дар Душанбе мубориза бо ҷинояткорӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир баррасӣ гардид

0
889 просмотров

12 июл вохӯрии роҳбарияти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Директори Маркази ҳамоҳангсозии иттилоотии минтақавии Осиёи Марказӣ оид ба мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо доир шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои дохилӣ.

Ҷонибҳо доираи васеи ҳамкориро оид ба андешидани тадбирҳои муштарак дар самти мубориза бо ҷинояткорӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ҳамчунин дар мулоқот доир ба масъалаҳои ҳамкории мақомоти корҳои дохилии мамлакатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар мубориза бо муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои онҳо табодули афкор ва ҷиҳати тақвияти ҳамкорӣ ибрози боварӣ карда шуд.

Нет комментариев

Также рекомендуем

Қурби расмии асъор барои имрӯз: 27.11.2020

 Бонки миллии Тоҷикистон имрӯз қурби асъори хориҷиро нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон) чунин муқаррар кардааст: 1 доллари ИМА — 11.3000 сомонӣ; 1 евро – 13.4425сомонӣ; 1 ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: