Cафари расмии Сайид Иброҳим Раисӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон

0
1 123 просмотров

Бо даъвати расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 16 сентябри соли 2021 Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Иброҳим Раисӣ бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф меорад. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар ҷараёни сафари расмӣ мулоқоти хоссаи роҳбарони ду давлат ва музокироти васеъ бо иштироки ҳайатҳои расмии ду кишвар дар назар аст.

Дар натиҷаи мулоқот имзои Баёнияи муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон дар бораи густариши равобити дуҷониба ва бастаи санадҳои нави ҳамкорӣ дар назар аст.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Нет комментариев

Также рекомендуем

Корпоратсияи байналмилалии исломии тиҷоратию молиявӣ ба Тоҷикистон барои мубориза бо COVID-19 грант ҷудо кард

23 июл бо дастгирии Хазинаи навтаъсиси рушди тиҷорат, Корпоратсияи байналмилалии исломии тиҷоратию молиявӣ созишнома дар бораи ба Ҷумҳурии Тоҷикистон додани грант барои хариди лавозимоти тиббиро ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: