Боздошти сокини Душанбе, ки мехост дар Хуҷанд силоҳ фурӯшад

0
2 618 просмотров
Раёсати умури дохилии Суғд аз боздошти як сокини пойтахт дар шаҳри Хуҷанд хабар дод, ки дар ғайриқонунӣ нигоҳ доштани силоҳ муттаҳам мешавад.

Аз ин ниҳод ба хабаргузории “Озодагон” иттилоъ доданд, ин ҷавон 32 сол дошта, оғози моҳи январи соли равон ҳангоми ба фурӯш баровардани таппончаи “Макаров” бо 8 адад тираш дар маркази маъмурии вилоят — шаҳри Хуҷанд, дастгир шудааст: “Ӯ мехост таппончаи “Макаров”-ро бар ивази 700 доллари амрикоӣ фурӯшад, аммо аз ҷониби кормандони пулис боздошт гардид”.

Манбаъ мегӯяд, нисбати дастгиршуда тибқи моддаи 195-и Кодекси ҷиноии Тоҷвикистон парванда боз шуда, тафтишот идома дорад.

Нет комментариев

Также рекомендуем

Оғози бунёди хатти барқии 500 киловолтаи Душанбе — ноҳияҳои тобеи марказ ва панҷ мактаби миёнаи таҳсилоти ҳамагонӣ

Нимаи дуюми рӯзи гузашта Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар маросими гузоштани санги асос ба бунёди хатти барқии 500 киловолтаи Душанбе — ноҳияҳои тобеи марказ ва ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: