Кормандони мақомоти полиси Туркия 7 нафар шаҳрванди Федератсияи Россияро дастгир намуданд. Ин нафаронро марзбонон дар музфоти Газиантепи қисми ҷанубу шарқии Туркия, ки бо Сурия ҳаммарз аст, бо ҷурми сарҳадшиканӣ боздоштанд. Алҳол мақомоти полиси Туркия аз рӯйи ин қазия парвандаи ҷиноӣ боз намуда, тафтишот мебаранд. Ёдовар мешавем, ки то кунун садҳо нафар шаҳрвандони кишварҳои гуногун бо мақсади пайвастан ба сафи гурӯҳҳои ифротгаро марзи кишварҳореро чун Туркия ҳамчун нуқтаи гузора ба қаламрави Сурия ва Ироқ истифода мекунанд. Дар ин бора сомонаи jahonnamo.tj хабар медиҳад
Модели украинӣ ба Ҷонибек Муродов «ошиқ шудааст»
Фарида Иброҳимова – модели озаритабори Украина то ҳол сару садоҳо дар бораи муносибатҳои ошиқонааш бо Ҷонибек Муродовро тавзеҳ надодааст. Мудели укроинии озаритабор, дорандаи унвони дувумин ...


Нет комментариев