Боздиди шаҳрдори Хуҷанд аз муассисаҳои иҷтимоӣ

2
4 749 просмотров

ijtimoiДар мактаб-парваришгоҳи махсуси ёрирасон ва Хонаи пиронсолон ва маюбони шаҳри Хуҷанд чорабиниҳои солинавӣ доир гардиданд, ки дар онҳо раиси шаҳр Раҷаббой Аҳмадзода иштирок намуд.

Дар оғоз раиси шаҳри Хуҷанд дар мактаб-парваришгоҳ бо тарбиятгирандагони ин муасссиса мулоқоти самимӣ анҷом дода, кулли ҳозиронро бо фарорасии соли нави мелодӣ самимона табрик намуд. Бо қувваи худи кӯдакони имконияташон маҳдуд ва кӯмаки мураббиён барномаи ҷолиби солинавӣ ба иштирокдорони чорабинӣ манзур гардид. Раҷаббой Аҳмадзода ба ҳамаи қудакони ҳузурдошта тӯҳфаҳои солинавӣ супорида барои таҳсилу ҳаёти минбаъдаашон комёбӣ орзу намуд.

Р. Аҳмадзода ҳамчунин бошандагони Хонаи пиронсолон ва маюбони шаҳри Хуҷандро бахшида ба соли нави милодӣ табрик намуд.

Бояд гуфт, дар хонаи пиронсолон 61 нафар шахсони бесарпаноҳ ва бепарастормонда истиқомат мекунанд, ки барои онҳо шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.

Дар ин бора sugd.tj хабар медиҳад.

2 comments

  1. Аъзамчон 2 Январь, 2015 at 14:30 Ответить

    Минатдории худро ба раиси шахр Р. Ахмадзода изхор мекунам, ки дар чунин рузхои иду аём ба чунин одамон дасти кумак дароз мекунанд

Добавить комментарий для Аъзамчон Отменить ответ

Также рекомендуем

Почему дома и в офисе должны быть растения

В основном, офисы украшают плакатами, всякими грамотами и, может быть, статуэткой-держателем канцтоваров, но не часто увидишь на столе горшок с растением. Дома люди более охотно ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: