Бонки миллии Тоҷикистон: «Ба шахсони бегона маълумоти шахсии худро надиҳед»

0
498 просмотров

Бонки миллии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи  шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мерасонад, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ як гурӯҳ қаллобон аз номи Бонки миллии Тоҷикистон эълонҳои бардурӯғ паҳн карда истодаанд.

Ба иттилои Бонки миллӣ, ин эълонҳо ба Бонки миллии Тоҷикистон тааллуқ надоранд, бинобар ин ба онҳо бовар накунед ва ба шахсони бегона маълумоти шахсии худ: ному насаб, рақами корти бонкӣ ва рамзҳои махфиеро, ки тавассути СМС-паём ворид мегарданд, пешниҳод насозед.

Барои маълумоти муфассал метавонед ба телефони боварии Бонки миллии Тоҷикистон тавассути рақами 44 600 15 20 тамос гиред. Дар хотир доред, ки бехатарии молиявии шумо танҳо дар дасти шумо аст.

Манбаъ: АМИТ Ховар
АКС: Бонки миллии Тоҷикистон

Нет комментариев

Также рекомендуем

Сафари кории Пешвои миллат ба ноҳияи Рӯдакӣ

Субҳи имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба ноҳияи Рӯдакӣ ташриф оварданд. Дар деҳаи Шаҳристони ҷамоати ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: