Бонки миллӣ:Тамдиди давомнокии рӯзи кории марказҳои хизматрасонӣ

0
1 954 просмотров

Шурӯъ аз  11 декабр Бонки миллии Тоҷикистон ташкилотҳои қарзиро (муваққатан) муваззаф кардааст, ки давомнокии рӯзи кории марказҳои хизматрасонии бонкиашонро дар тамоми манотиқи ҷумҳурӣ то соати 19:00 тамдид намоянд.  

Иқдоми мазкур бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид ба мизоҷон, сари вақт гирифтани маблағҳои интиқолӣ ва истифодаи хизматрасониҳои дигари бонкӣ роҳандозӣ шуда, шаҳрвандон метавонанд маблағҳои интиқолии худро ҳамарӯза то соати 19.00 қабул ва ё ирсол намоянд.

Ёдовар мешавем, ки  низомҳои пардохтии «Юнистрим» ва «Контакт» ба Маркази миллии протсессингии интиқоли маблағҳо пурра пайваст шудаанд. Аз 3 декабри соли равон шаҳрвандон метавонанд тавассути ин низомҳо бе мамониат интиқоли маблағҳоро анҷом диҳанд.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Нет комментариев

Также рекомендуем

Android- смартфон барои дастбанди ту!

Ҳанўз соли 2013 Серёжа Парфентий дар бораи соатчаҳои Neptune Pine Watch навиштаа буд. Аммо, дар раванди истеҳсолот ихтироъкорон ба ҷои онҳо ким-чизи дигарро сохтанд, ки ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: