Ҳамлагари 38-солаи дастаи “Интер Майами” — Лионел Месси эътироф кард, ки мехоҳад дар ҳайати тими миллии Аргентина дар Ҷоми ҷаҳонии футболи соли 2026 иштирок кунад.
Тими миллии Аргентина айни ҳол қаҳрамони амалкунандаи ҷаҳон аст, пас аз пирӯзӣ дар Ҷоми ҷаҳонии соли 2022 дар Қатар.
“Росташро гӯям, ширкат дар Ҷоми ҷаҳон барои ман як эҳсоси бениҳоят зебо хоҳад буд. Ман мехоҳам дар ҳолати хуби ҷисмонӣ бошам ва нақши муҳимеро дар ҳайати тими миллӣ иҷро кунам.
Вақте ки тамринҳои пешазмавсимӣ бо “Интер Майами” [дар аввали соли 2026] оғоз мешаванд, ман вазъиятро арзёбӣ мекунам ва мебинам, ки то чӣ андоза омода ҳастам. Оё метавонам бо тамоми қувва бозӣ кунам ва барои даста ва тими миллӣ фоидаовар бошам. Баъд аз он қарори ниҳоӣ мегирам.
Албатта, ман хеле ҳаяҷон дорам, зеро ин Ҷоми ҷаҳон аст. Мо мусобиқаи гузаштаро бурдем ва хуб мешуд, агар метавонистем унвонро ҳифз кунем. Бозӣ дар ҳайати тими миллӣ, бахусус дар мусобиқаи расмӣ, ин як орзуи бузург аст.”- гуфтааст, Месси.
Ба иттилои NBC News, Ҷоми ҷаҳонии футбол-2026 аз 11-уми июн то 19 –уми июли соли 2026 дар ИМА, Канада ва Мексика баргузор мешавад. Тими миллии Аргентина аллакай роҳхатро ба марҳилаи ниҳоии мусобиқа ба даст овардааст.
Манбаъ: Варзиш ТВ


Нет комментариев