«БИЛАЙН»-сарпарасти бозии «Хайр» ва «Шайх Рассел»

0
4 231 просмотров

Ширкати  мобилии «Билайн» дар бозии марҳилаи дуюми тахассусии Ҷоми КФО-2015 миёни витсе-чемпиони Тоҷикистон «Хайр»-и Ваҳдат ва чемпиони Бангладеш «Шайх Рассел» ба сифати сарпарасти генералӣ баромад мекунад.

Бино ба иттилои сомонаи ФФТ, сарпарастони расмии бозӣ ширкати нӯшокиҳои нерубахши XL ва мағозаи либосҳои мӯдии «Милано Мода» мебошанд.

Ёдрас мешавем, ки бозии марҳилаи дуюми тахассусии Ҷоми КФО-2015 миёни «Хайр» ва «Шайх Рассел» рӯзи 10-уми феврал, соати 13.00 дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ доир мешавад. Ин вохӯриро ҳайати доварон аз давлати Қатар ҳакамӣ мекунанд. Сардовари бозӣ рефери ФИФА Абдулраҳмон Иброҳим Ал-Ҷассими 27-сола мебошад. Доварони канорӣ ҳамватанони ӯ Ҷумъа Муҳаммад Ал-Буршаид ва Саул Аҳмад Ал-Макалеҳ мебошанд, ки ҳар ду 26 сол доранд. Вазифаи довари эҳтиётиро Хамис Муҳаммад Ал-Куварии 32-солаи қатарӣ бар уҳда дорад. Комиссари ин бозӣ сардори шуъбаи техникии Федератсияи футболи Ӯзбекистон Алим Арифов таъйин шудааст. Дар ин бора khovar.tj хабар медихад.

Нет комментариев

Также рекомендуем

Каримҷон «муҳоҷири сол» шуд

Созмонҳои ҷамъиятии Тоҷикистон ҷоизаи «Муҳоҷири сол”-ро ба Каримҷон Ёров, як ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик дар Маскав супурданд. Валентина Чупик ҷоизаи «Беҳтарин намояндаи созмонҳои ғайридавлатӣ дар ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: