Барои чӣ нўшидани қаҳва муфид аст?

0
6 821 просмотров

Қаҳва барои ҷавон нигоҳ доштани пўсти рўй хеле муфид аст ва барои ин дар як рўз танҳо ду пиёлача нўшидан кифоя мебошад.363-eda

Ин назарияро профессори донишгоҳи Скрентони Има Ҷо Винсон исбот намудааст. Ў дар тадқиқотҳои худ  антиоксидантҳои таркиби қаҳваро омўхтааст. Антиоксидантҳо қобилияти  дар организм пешгирӣ намудани таъсири бади оксигенҳои озодро доранд. Оксигенҳои озод метавонанд, ки баъзе намудҳои ҳуҷайраҳоро осеб дода, ба пиршавӣ мусоидат менамоянд ва ба вуҷуд омадани варамҳоро мебарангезанд. Аз ин бештар пўст осеб мебинад, ки ба он бевосита офтоб ва ҳаво таъсир мерасонанд. Яке аз равияҳои маъмули тибби ҳозиразамон ин омўзиши антиоксидантҳо ва таъсири онҳо ба ҷараёни пиршавӣ мебошад.coffee-beans-cup-breakfast

Ҷо Винсон изҳор медорад, ки дар як рўз 1-2 пиёла қаҳва кифоя аст, то ҷараёни пиршавиро суст карда шавад. Инчунин, мувофиқи изҳороти ў қаҳва барои мустаҳкамии хотира, диққатнокӣ мусоидат намуда, эҳтимоли инкишофи диабет ва сиррози ҷигарро паст менамояд.
Chashechka-kofe-10369

Ҳамчунин, ҳатто бўи қаҳва метавонад, ки дар организм антиоксидантҳоро ҳосил намояд, ки он ба бардамиро ба вуҷуд оварда, стрессро бартараф менамояд.

Нет комментариев

Также рекомендуем

Бо иқдоми ширкати «Сомон Эйр» Маркази таълимии авиатсионӣ таъсис ёфт

Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» барои мутахассисони авиатсионии ихтисосҳои гуногун Маркази таълимии авиатсионӣ (МТА) таъсис дод. МТА дар шаҳри Душанбе, дар саридораи ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» ҷойгир ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: