Барқияи тасаллиятии Эмомали Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Лубнон

0
2 315 просмотров

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Лубнон муҳтарам Мишел Аун барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Ҷаноби Олӣ,

Хабари ба амал омадани таркиш дар бандари шаҳри Бейрути Ҷумҳурии Лубнон, ки муҷиби ба ҳалокат расидани теъдоди зиёди шаҳрвандон, осеб дидани ҳазорҳо нафар ва хисороти бузурги моддӣ гардид, боиси ҳузну андӯҳи амиқи мо гашт.

Аз номи худ ва мардуми Тоҷикистон ҳамдардии амиқро ба Шумо ва тамоми сокинони кишвари дӯсти Лубнон изҳор намуда, ба наздикони қурбоншудагон сабри ҷамил ва ба зарардидагон шифои комил хоҳонам».

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Нет комментариев

Также рекомендуем

Эколайфхаки: Как стирать экологично?

Обычный стиральный порошок оказывает прямое воздействие на жизненно важные органы человека, а стиральная машина — на количество выбросов в атмосферу. Как минимизировать этот вред одновременно ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: