Барқияи Эмомалӣ Раҳмон ба Сооронбой Жээнбеков

0
5 277 просмотров

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти тозаинтихоби Ҷумҳурии Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он, аз ҷумла, омадааст:

«Муҳтарам Сооронбой Шарипович,

Дар робита ба интихоб гардиданатон ба мансаби олии Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон бо изҳори хушнудӣ ба Шумо табрикоти самимии худро ирсол медорам. Мардуми Қирғизистон бо ибрози иродаи худ эътимоди баландашро ба фаъолияти давлатии Шумо ироа намуд. Тоҷикистон ва Қирғизистонро риштаҳои дӯстӣ ва робитаҳои неки ҳамҷаворӣ, ки таърихи чандинасра доранд, бо ҳам мепайванданд. Мо Шуморо ба ҳайси ҷонибдори собитқадами таҳкиму густариши минбаъдаи муносибатҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Қирғизистон мешиносем. Бо ибрози манфиатдории худ ба тавсеаву таъмиқи тамоми маҷмӯи ҳамдастии Тоҷикистону Қирғизистон, изҳори итминон менамоям, ки мо метавонем бо саъю талошҳои муштарак ҳамкориҳои кишварҳоямонро ба хотири ривоҷу равнақи мардумонамон ба сатҳи сифатан нав барорем. Ба Шумо, муҳтарам Сооронбой Шарипович, сиҳатии комил ва дастовардҳои навин ва ба Қирғизистони дӯст сулҳу субот ва пешрафт орзумандам».

 

Манбаъ: сомонаи расмии АМИТ «Ховар»

Нет комментариев

Также рекомендуем

США подняли вопрос о выходе из ООН

Американский конгрессмен назвал всемирную организацию катастрофой для Вашингтона и призвал лишить ее штаб-квартиры в Нью-Йорке Законопроект о выходе США из Организации Объединенных Наций в конгресс ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: