Ба парки мошинҳои Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд 30 адад техникаҳои зарурӣ дастрас шуданд

0
920 просмотров

Ба парки мошинҳои Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд 30 адад техникаҳои зарурӣ дастрас карда шуданд, хабар медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Саъдулло МАҲКАМ бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд.

Техникаҳои замонавӣ бо мақсади баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ба мусофирон дастрас гардида, бо ин теъдоди техникаҳои парки мошинҳои фурудгоҳ ба 130 адад расид.

3 адад автобус, 4 адад зинаҳои махсус (трап), 2 адад лентаҳои муосир, 2 таҷҳизоти барқӣ барои муҳаррик, 8 адад мошин, 4 таҷҳизот барои бо об таъмин намудани ҳавопаймо ва ғайра харида шудаанд, ки ҳама техникаву таҷҳизоти навтарин маҳсуб мешаванд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода 4 январ зимни боздид аз Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд барои боз ҳам беҳтар намудани сатҳи хизматрасонӣ ва дар оянда дастрас намудани техникаву таҷҳизоти муосир ба масъулин тавсияҳо дод.

Источник: АМИТ «Ховар»

Нет комментариев

Также рекомендуем

Довталаб! Ҳанӯз зиёда аз 16 000 ҷойи холӣ ҳаст

Мусоҳиба бо Хуршед Икромӣ, директори Маркази милии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. —   Мегӯянд, ки супоридани имтиҳонҳо тавассути Маркази миллии тестӣ сол ба сол душвортар ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: