Ба ҳолати муқаррарии фаъолият баргаштани Пажӯҳишгоҳи гастроэнтерологияи

0
2 235 просмотров

Дар Муассисаи давлатии «Пажӯҳишгоҳи гастроэнтерологияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» баъд аз  шифо ёфтан ва рухсат шудани шаҳрвандон корҳои безараргардонӣ доир шуда,  рӯзҳои наздик дар назар аст, ки муассиса  ба фаъолияти  муқаррарӣ баргардад.

Тайи  рӯзҳои охир дар саросари ҷумҳурӣ  ба  фаъолияти муқаррарии корӣ баргардонидани қисме аз муассисаҳои тандурустӣ, ки  муддати муайян дар онҳо беморони гирифтори коронавируси нави COVID-19 табобат мегирифтанд, идома дорад.

Чанде қабл Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои дил» ва Маркази бемориҳои урологӣ, воқеъ дар Муассисаи давлатии Маркази миллии тиббии Тоҷикистон «Шифобахш» ва бахши таваллудхонаи Муассисаи давлатии Маҷмааи тандурустии «Истиқлол», ки ба муоинаву муолиҷаи гирифторони бемории коронавирус машғул буданд,  ба фаъолияти муқаррарии корӣ баргардонида шуданд.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Нет комментариев

Также рекомендуем

Неруҳои Амрико мавзеъҳои «Толибон»-ро дар Қандаҳор бомбаборон карданд

Неруҳои амрикоии мустақар дар Афғонистон, пас аз чандин моҳи таваққуф,  дар тӯли 48 соати охир мавзеъҳои ҳаракати “Толибон”-ро (мамнӯъ дар Тоҷикистон) дар вулусволиҳои Жирӣ ва Спин Булдаки вилояти Қандаҳор ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: