Аёдати шахсони барҷомондаву пирони рӯзгордида

0
3 032 просмотров

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар мулоқот бо аҳли ҷамоатчигии кишвар 12 майи соли равон баён намуда буданд, аз ҷониби иттиҳодияҳои динии шаҳри Бӯстон корҳои назаррас ба сомон расонида шуда истодааст.

Аз ҷумла, чанде қабл дар доираи омодагиҳо ба истиқболи Иди саиди Фитр ва солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ бо ташаббуси имомхатиби Масҷиди ҷомеи шаҳр ба номи Имоми Аъзам як қатор шахсони барҷомондаву пирони рӯзгордида аёдат карда шуда, ба ниёзмандон зиёда аз 10 намуди маводи озуқавории ниёзи аввал дастрас гардид. Дар рафти аёдат зикр гардид, ки ниёзмандон набояд худро яккаву танҳо ва бесаробон эҳсос намоянд, зеро давлату Ҳукумат ҳамеша ғамхору пуштибони онҳост.

Дар охир, аёдатшудагон сипосмандии хешро ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён намуданд.

Ёдовар мешавем, ки аёдати шахсони барҷомонда, яккаву танҳо ва дигар ниёзмандон дар моҳҳои оянда низ сурат хоҳад гирифт.

Манбаъ: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Нет комментариев

Также рекомендуем

Қурби расмии асъор барои имрӯз: 08.01.2019

Бонки миллии Тоҷикистон имрӯз қурби асъори хориҷиро нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон) чунин муқаррар кардааст: 1 доллари ИМА — 9.6953  сомонӣ; 1 евро – ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: