Ҳайати парлумонии Тоҷикистон ба шаҳри Нурсултон сафар кард

0
1 833 просмотров

Имрӯз ҳайати парлумонии Тоҷикистон таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷиҳати иштирок дар кори ҷаласаи чоруми раисони парлумонҳои кишварҳои АвруОсиё ба шаҳри Нурсултони Ҷумҳурии Қазоқистон сафар кард.

Тавре котиби матбуоти палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон Муҳаммадато Султонов ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, Шукурҷон Зуҳуров дар доираи сафари худ бо чанде аз раисони парлумонҳои кишварҳои АвруОсиё  масъалаҳои вобаста ба тақвияти ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаро баррасӣ хоҳад кард.

«Дар назар аст, ки имрӯз Шукурҷон Зуҳуров бо раисони парлумонҳои Қирғизистон, Молдова ва Афғонистон мулоқот намояд», — афзуд манбаъ.

Гуфта мешавад, ки дар кори ҷаласаи чоруми раисони парлумонҳои кишварҳои АвруОсиё намояндагони 67  давлат, аз ҷумла раисони парлумонҳои 46 мамлакати дунё иштирок менамоянд.

Ёдовар мешавем, ки сафари ҳайати Парлумони Тоҷикистон ду рӯз идома ёфта, Шукурҷон Зуҳуровро вакилони мардумӣ Бахтовар Сафарзода, Аҳмадҷон  Қобилов, инчунин Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон ва Муғулистон Хайрулло Ибодзода ҳамроҳӣ менамоянд.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Нет комментариев

Также рекомендуем

Дарзмол бо таги металлии гармшаванда

Имрӯза маслиҳатҳои манфиатбахши мо оиди интихоб ва истифодабарии дарзмол бо таги металлии гармшаванда мебошад. Мехоҳам дар оғоз Шуморо андаке бо таърихи пайдоиши дарзмол шиносоӣ намоям. ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: