“Атлетико” бо гузашти 51 сол дар ЛЧ рекордашро такрор кард

0
535 просмотров

“Атлетико Мадрид” дар даври 8-уми марҳилаи умумии Лигаи Чемпионҳо дар меҳмонӣ бар “Ред Булл Залтсбург” бо ҳисоби 4:1 ғалаба кард ва ба ин васила рекорди 51-солаи клубро дар мусобиқаи асосии Ҷоми Аврупо такрор кард. Дар ин бора Opta Sport хабар додааст.

Ба иттилои манбаъ, тими шаҳри Мадрид бори аввал аз мавсими солҳои 1973/1974 дар як мусобиқаи Лигаи Чемпионҳо (Ҷоми қаҳрамонҳои Аврупо) дар се бозии сафарӣ пирӯзӣ ба даст овард.

Ёдовар мешавем, ки қаблан “Атлетико” бар “ПСЖ”-и Фаронса (2:1) ва ”Спарта”-и Чехия (6:0) пирӯз шуда буданд.

Дар ҷамъбасти марҳилаи умумии Лигаи Чемпионҳо дастаи «Атлетико» бо 18 имтиёз дар ҷои панҷум қарор дорад ва мустақиман ба марҳилаи 1/8 ниҳоии мусобиқот роҳ ёфт.

Манбаъ: Варзиш-ТВ

Нет комментариев

Также рекомендуем

Телефонҳои мобилӣ

 Имруз мо тасмим гирифтем, ки бароятон дар бораи телефонхои мобили маълумоте гуфта бошем. Телефони мобили имрузхо аз хама воситаи алокаи васеъ пахншуда мебошад. Агар ба ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: