Арзёбии дастовардҳои Тоҷикистон дар самти ҳуқуқи инсон дар Швейтсария

0
1 037 просмотров

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Бобозода дар доираи сафари корӣ ба Конфедератсияи Швейтсария бо сардори бахши ҳуқуқи инсони Котиботи давлатии Вазорати корхои хориҷии  Швейтсария хонум Жани Пияжет мулоқот анҷом дод. Дар ин бора ба мухбири АМИТ «Ховар» дар хадамоти матбуоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Зимни вохӯрӣ Умед Бобозода дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар самти ҳуқуқи инсон арзёбӣ намуда, вобаста ба масъалаҳои ташкил ва фаъолияти мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон ибрози назар намуд.

Ҷонибҳо ҳамзамон масоили вазъи ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самтҳои гуногун ва тақвияти ҳамкории дуҷониба дар соҳаи ҳуқуқи инсонро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ёдовар мешавем, ки Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Умед Бобозода бо мақсади тақвият додани ҳамкорӣ бо сохторҳои дахлдори Созмони Милали Муттаҳид ва инчунин анҷом додани мулоқоту суҳбатҳои судманд бо масъулини соҳаи ҳуқуқи инсони Конфедератсияи Швейтсария бо сафари корӣ дар ин давлат қарор дорад. 

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Нет комментариев

Также рекомендуем

Қуроқдӯзӣ яке аз беҳтарин ҳунарҳост

Маводи дуюми мо дар бахши навэҷоди «Мӯъҷизаофар» пешниҳоди Шумост. Ҳамкори бахш Кумитаи иҷроияи вилояти Суғдии Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон мебошад. Бахши «Мӯъҷизаофар» ба Соли рушди ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: