Ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар роҳи мошингарди Душанбе — Чанок муваққатан маҳдуд карда шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Филиали «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар ин роҳ бинобар мавҷудияти хавфи тармафароӣ, инчунин бо мақсади сари вақт бартараф намудани тармаҳое, ки чанд лаҳза пеш фаромаданд, маҳдуд карда шуд.
Филиали «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ронандагон хоҳиш менамояд, ки моҳияти ин иқдомро дуруст дарк намоянд. Дар навбати худ кормандони ширкат тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳанд, то монеаҳо ҳарчи зудтар бартараф карда шаванд.
Баробари рафъ гардидани монеаҳо оид ба кушода шудани роҳ иттилоъ дода мешавад.
Манбаъ: АМИТ «Ховар»


Нет комментариев