Ҷанҷол: зочаҳои «доно» аз пайи кӯдакон назорат мебаранд

0
2 642 просмотров

Шӯрои Норвегия оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои истифодабарандагон Forbrukerrådet пайваст намудани бозичаҳои бачагонаро ба интернет маҳкум намуд, ки аз ҷониби ширкати амрикоии Genesis Toys ба амал бароварда шудааст. Шӯрои Норвегия Forbrukerrådet ин амали ширкати Genesis Toys-ро вайронкунии ҳуқуқи дахлнопазирии ҳаёти шахсӣ меҳисобад. Чуноне маълум гашт, зочаҳои «доно»-и My Friend Cayla ва i-Que гуфтушунидро бо кӯдакон сабт мекунанд ва онро мустақиман ба Nuance (яке аз бузургтарин коркардчиёни технологияи шинохтани нутқ) мефиристонанд ва пас Nuance чи хеле хохад, он аудиофайлҳоро истифода мебарад.

Бовуҷуди ин, амали Genesis Toys ба муқобили қойдаҳо нест. Дар созишномаи истифодабарӣ гуфта шудааст, ки ширкат метавонад маълумотҳои асосии овозиро барои рекламаи «мақсаднок» истифода барад ва онҳоро барои дигарон паҳн кунад. Вале ҳимоятгарони хуқуқ мегӯянд, ки ширкати истеҳсолгар дар ин бора волидонро огоҳ намекунанд, ки овози фарзандони онҳо барои коркард ба ИМА фиристода мешаванд ва бо мақсадҳои маркетингӣ истифода бурда мешаванд. Аҷоиботи ҳолат дар он аст, ки дар рӯйи халтаи бозичаҳои «ҷосусӣ» навишта шудааст: «Ман дар бораи ту хеле зиёд медонам». Дар натиҷа Forbrukerrådet ба Комиссияи федеролӣ оид ба тиҷорат дар ИМА (FTC) ариза пешниҳод кард ва аз муназзимони Иттиҳоди Аврупо хоҳиш кард, ки ин хел смарт-зочаҳоро аз фурӯш боздоранд.

Google ба бозичаҳои «доно» муҷаввиз (патент) гирифт

Маҳсулоти Genesis Toys дар тамоми ҷаҳон, аз он ҷумла дар ИМА фурӯши маҳсулорти худро амалан тадбиқ мегардонад. Вале пас аз айбдоршавӣ дар ҳуқуқвайронкунӣ нисбати истифодабарандагон магозаҳои бачагона худ ба даст кашидан аз ин намуди мол сар карданд. Масалан, фурӯши My Friend Cayla-ро аллакай дар шабакаҳои тиҷоратии Intertoys ва Bart Smit боздоштанд ва ба волидони норизо маблағи пурраи арзиши харидашонро баргардониданд.

Манбаъ: The Next Web

Нет комментариев

Также рекомендуем

«Молодежка» Таджикистана приступила ко второму сбору в Душанбе

После нескольких дней отдыха накануне, 2 января, молодежная сборная Таджикистана, составленная из игроков не старше 1999 года рождения, начала второй учебно-тренировочный сбор в рамках подготовки к международному турниру памяти первого вице-президента ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: