Ҳамлаи террористӣ ба мактаби духтарона дар Кобул боиси маҳкумият, андӯҳ ва нафрати Президенти Тоҷикистон гардид

0
2 123 просмотров

Тавре имрӯз хабар додем, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ дар робита ба ҳамлаи террористӣ дар назди мактаби духтарона дар Кобул барқияи тасаллӣ ирсол намуданд.

Дар барқия гуфта мешавад, ки хабари ба ҳалокат расидан ва ҷароҳат бардоштани теъдоди зиёди мардуми осоишта бо шумули духтарони наврас  боиси «андӯҳи амиқ ва нафрати беандоза»-и Президенти Тоҷикистон гардид.

«Чунин амали хушунатомези золимона ва маргбор, ки нерӯҳои аҳриманӣ дар рӯзҳои охири моҳи шарифи Рамазон ба он даст задаанд, нобахшиданист», — изҳор доштанд Эмомалӣ Раҳмон.

Тоҷикистон ҳама гуна зуҳуроти терроризму ифротгароиро қатъиян маҳкум намуда, боз ҳам зарурати бетаъхири тақвияти муборизаи беамонро бо ин хатарҳои глобалии даврони муосир таъкид менамояд.

Инчунин Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тасаллиёт ва ҳамдардии мардуми Тоҷикистонро ба наздикону пайвандони қурбоншудагон, ҳамчунин ба тамоми мардуми Афғонистон изҳор намуданд.

Ёдовар мешавем, ки 8 май дар ғарби Кобул дар назди мактаби духтарона таркишҳо рух доданд, ки дар натиҷа ҳадди ақалл 55 нафар ҳалок ва 150 нафар маҷрӯҳ шуданд.

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Нет комментариев

Также рекомендуем

Аввалин айнак кай пайдо шудааст?

Аллакай дар давоми якчанд сол боз айнакҳо дар байни дигар олатҳои беҳтаргардонандаи биноии узви босира бидуни дахолати чашм ҷои нахустинро мегиранд. Айнак ниҳоят олати қадима ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: