РАИСИ СУДИ ИҚТИСОДИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ БА ДАСТ АФТОД

0
5 240 просмотров
Акс аз www.tojnews.org

Акс аз www.tojnews.org

Агентии назорати давлатии молиявӣ ва  мубориза бо коррупсияи   Тоҷикистон нисбат ба раиси Суди иқтисодии шаҳри Душанбе Шарифзода Раҳим Зариф барои гирифтани пора ба маблағи  7 ҳазор доллари амрикоӣ   парвандаи ҷиноятӣ оғоз кард.

Шарифзода Раҳим Зариф бо истифода аз мансабаш моҳи августи соли равон ҳангоми баррасии аризаи даъвогии шаҳрванд Ф. Соҳибназаров барои бекор кардани таъйиноти додгоҳӣ, аз вай 7000 доллар талаб карда, ҳудуди 4000 долларро шахсан гирифта, маблағи 3000 доллари боқимондаро тавассути котибони маҷлиси судӣ Ҳ.Ҷ. Ҳабибов ва А.Н. Нусратуллозода аз худ кардааст.

Агентии назорати давлатии молиявӣ ва  мубориза бо коррупсия нисбат ба раиси Суди иқтисодии шаҳри Душанбе Р.З. Шарифзода ва котибон Ҳ. Ҳабибов ва А. Нусратуллозода парванда ҷиноӣ боз карда, дар ин самт тафтиши пешакӣ идома дорад.

Дар ин бора khovar.tj хабар медиҳад.

Нет комментариев

Также рекомендуем

ДРЕЙК ПОТЕРЯЛ БОЛЕЕ $600 ТЫСЯЧ ИЗ-ЗА «БАРСЕЛОНЫ»

Рэпера подвела неудачная ставка. Канадский рэпер Дрейк лишился 833 тысяч канадских долларов ($605 тысяч) из-за неудачной спортивной ставки, сообщает Sports.ru. 35-летний музыкант сделал так называемую экспресс-ставку на победу «Барселоны» ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: