Барқияи табрикотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Президенти тозаинтихоби Ҷумҳурии Латвия

0
2 270 просмотров

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти тозаинтихоби Ҷумҳурии Латвия Эгилс Левитс барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Ҷаноби Олӣ,

Бо камоли хушнудӣ  Шуморо ба муносибати  интихоб гардиданатон ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Латвия ва оғози фаъолиятатон дар ин  маснади олӣ сидқан табрику таҳният мегӯям.

Ба Шумо сиҳатмандии комилу саодатмандӣ, дар иҷрои вазифаҳоятон   комёбиҳо ва ба мардуми дӯсти Латвия сулҳу субот ва шукуфоии беш аз пеш  орзу менамоям.

Бо истифода аз фурсат изҳори умед менамоям, ки муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои судманди миёни Тоҷикистон ва Латвия минбаъд низ  мутобиқ ба манфиатҳои мардумонамон рушду тавсеа хоҳанд ёфт».

Манбаъ: АМИТ «Ховар»

Нет комментариев

Также рекомендуем

Қурби расмии асъор барои имрӯз: 06.12.2019

Бонки миллии Тоҷикистон имрӯз қурби асъори хориҷиро нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон) чунин муқаррар кардааст: 1 доллари ИМА — 9.6800 сомонӣ; 1 евро – ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: