Расман: «Атлетико» вориси Роналдуро харидорӣ кард

0
2 609 просмотров

Бошгоҳи “Атлетико Мадрид” дар сомонааш аз гузариши ҳамлавари ҷавони португалии дастаи “Бенфика” — Жоау Фелиш расман иттилоъ дод. Дастаи шаҳри Мадрид барои харидории ин ғунчаи пур аз ҳунар 126 млн евро пардохт намудааст, ки ин нишондод дар таърихи “Атлетико” гаронарзиштарин футболбоз ба ҳисоб меравад.

Қарордод байни “Атлетико” ва Жоау Фелиш 7 солро дар бар мегирад. Ёдовар мешавем, ки Жоау Фелишро ҳама дар мунтахаби Португалия вориси Криштиану Роналду ном мебаранд, чаро ки бозии ӯ ба бозии Криш хеле монандӣ дорад. Дар мавсими 2018/19 Фелиш дар 43 бозии дастааш ширкат карда, ба задани 20 тӯб ва 11 партофти головар даст ёфтааст.

Манбаъ: Варзиш-тв

Нет комментариев

Также рекомендуем

Қурби расмии асъор барои имрӯз: 15.07.2021

Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) 15 июл бо мақсади баҳисобгирӣ ва пардохти боҷҳои гумрукӣ қурби расмии асъори хориҷиро муайян кард: 1 доллари ИМА — 11.3225 сомонӣ, ...

Сообщить об опечатке

Текст, который будет отправлен нашим редакторам: