Дирӯз дар Коллеҷи омӯзгории шаҳри Хуҷанд коргоҳи нави омузишӣ дар риштаи қолинбофӣ, сӯзанидӯзӣ ва дӯзандагӣ барои 35 нафар бонувон ба фаъолият шурӯъ намуд. Ба ин марказ аз ҷониби намояндагии Кумитаи имдоди имом Хумайнӣ дар вилоят ба ин марказ 10 адад дастгоҳи замонавии дӯзандаги ва қолинбофӣ эҳдо шуд. Маъмурияти Коллеҷи омӯзгорӣ дар ҳамкорӣ бо Кумитаи имдод дар оянда нақша доранд коргоҳи ҷӯшкорӣ ва лӯлакаширо барои ҷавонон низ роҳандозӣ намоянд. Тавре таъкид гардид, роҳандозии коргоҳи дӯзандагӣ имкон медиҳад дар оянда донишҷуёни коллеҷ бо либоси ягонаи мактабии дӯхти ин омузишгоҳ таъмин гарданд. Дар ин бора sugd.tj хабар медиҳад.
Дар Россия Бозиҳои XII Делфии ҷавонони давлатҳои ИДМ баргузор мегардад
Дар шаҳри Екатеринбурги вилояти Свердловски Федератсияи Россия аз 18 то 23 апрели соли 2017 бахшида ба эълон гардидани Соли оила дар кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ...


Нет комментариев